Июн 06, 2021 16:01 Asia/Dushanbe
  • Тошиев: Мушкилоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳал шудааст

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз ҳалли ихтилофоти марзӣ байни ин кишвар ва Тоҷикистон хабар дод.

Қамчибек Тошиев, раиси идораи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон ҳал шуда ва ба зудӣ муҳоҷирони қирғиз ба хонаҳои худ боз мегарданд.

Вай гуфт, Сайидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди масоили марзӣ музокира кардааст.

Тошиев идома дод: Дар рӯзҳои гузашта давлати Қирғизистон ба бархе аз сокинони манотиқи марзӣ дастури холӣ кардани хонаҳои худро дод то мушкилоте барои онҳо эҷод нашавад.

Вай идома дод: Аммо пас аз музокироти ахир бо тарафи тоҷик, мушкилоти мавҷуд ҳал шуд ва шаҳрвандони қирғизи сокини манотиқи марзӣ метавонанд ба хонаҳои худ баргарданд.

Ихтилофоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз истиқлоли ин кишварҳо аз Шӯравии собиқ оғоз шуд ва то кунун низ идома дорад.

 

Бештар бихонед: