Июн 06, 2021 18:37 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи муштараки Комиссияи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тавофуқномаҳои марзӣ баёнияи муштарак содир карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар 5 июни соли 2021 комиссияҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди таъйини хати марзӣ баргузор шуд.

Тарафайн эълом карданд, ки вазъияти муташанниҷ дар минтақаи марзӣ мусолиматомез ҳаллу фасл шудааст.

Ҳамчунин дар ин нишасти ду тараф тавофуқ карданд, маҳалҳои исту бозрасии марзиро дар фосилаи 3 километрии дохили қаламрави худ мустақар кунанд.

Дар ин баёния қайд шудааст, ки нерӯҳову таҷҳизоти низомии ду кишвар ба пойгоҳҳои доимии худ бозгардонда мешаванд ва фақат гаштҳои марзӣ дар минтақа боқӣ хоҳанд монд.

Чигунагии истифода аз маротеъ ё чарогоҳҳо дар манотиқи марзӣ аз дигар тавофуқоти баёния муштарак буд.

Мақомоти ду кишвар ҳамчунин эълом карданд, ҳар гуна иқдоми марзӣ бояд аз қабл бо раисони Комиссияи муштарак ҳамоҳанг ва фақат иттилооти тавофуқшуда, ки мутобиқ бо тафоҳумномаҳои қаблӣ аст, дар расонаҳо пахш шавад.

Ҳамчунин ба раисони гурӯҳҳои кории нақшабардорӣ низ дастур дода шуд, ки маҳалҳои дақиқи аломатгузории марзро мушаххас кунанд.

 

Бештар бихонед: