Июн 07, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Бохтар мизбони аввалин ҳамоиши минтақаии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Аввалин ҳамоиши минтақаии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Ба гузориши “АКИ ПРЕСС”, 9 июн дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон, аввалин ҳамоиши минтақаии ин кишвар ва Узбакистон баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш намояндагони давлат, раисони вилоятҳо ва тоҷирони ду кишвари ҳамсоя ширкат мекунанд.

Дар ин ҳамоиш мувофиқатномаҳо марбут ба иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ ва тавофуқоти тиҷорӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки ҳайати ӯзбакистонӣ дар сафари худ ба вилояти Хатлон, аз манотиқи озоди иқтисодии Данғара ва Панҷ боздид кунад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп