Чопи маҷмӯаи достонҳои нависандагони муосири Эрон ба забони қазоқӣ
Китоби “Инкарлик”, ки шомили маҷмӯаи достонҳои нависандагони адабиёти муосири Эрон аст, дар интишороти “Асил китоб”-и Қазоқистон ба забони қазоқӣ чоп шуд.
Китоби “Инкарлик” шомили 14 достон аз 10 нависандаи адабиёти муосири Эрон, аз ҷумла достонҳои “Форсӣ шакар аст” ва “Кабоби ғоз” аз Муҳаммадалӣ Ҷамолзода, достонҳои “Саги велгард” ва “Ойинаи шикаста”-и Содиқ Ҳидоят, достони “Чамадон” аз Бузурги Алавӣ, достони “Муҳраи мор” аз Маҳмуди Эътимодзода, достони “Қиссаи айнакам” аз Расули Парвизӣ, достони “Ба кӣ салом кунам” аз Симини Донишвар, достонҳои “Гулдони чинӣ” ва “Бачаи мардум” аз Ҷалоли оли Аҳмад, достони “Калофи сардаргум” аз Баҳроми Содиқӣ, достони “Гадо” аз Ғуломҳусайни Соидӣ, достони баланди “Анорбону ва писарҳояш” аз Гулии Тараққӣ аст, ки дар 184 сафҳа ба дасти мухотабони қазоқ расид.
Унвони китоби “Инкарлик”, ки ба забони форсӣ дорои маонии алоқа, иштиёқ ва рағбат мебошад, ба унвони алоқаву иштиёқи вижаи мутарҷими қазоқ нисбат ба адабиёти форсӣ интихоб шуд.
Осори нависандагони муосири Эрон аввалин бор ба забони қазоқӣ ба кӯшиши хонум Ойнош Қосим тарҷума ва чоп шуда буданд.