Роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент то ноҳияи Айнӣ идома хоҳад ёфт
Мақомоти Узбакистон эълом карданд, ки сохти хати нави рейлӣ миёни ин кишвар ва водии Зарафшони вилояти Суғд ба ноҳияи Айнӣ хоҳад расид.
Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, Акрамҷон Неъматов, муовини маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Узбакистон гуфтааст, ки сохти ин хати роҳи оҳан дар чорчӯби эҷоди шабакаи воҳиди нақлиётӣ бо Тоҷикистон хоҳад буд, ки иртиботи рейлӣ миёни водии Зарафшон бо вилояти Самарқандро барқарор месозад.
Умед Давлатов, коршиноси тоҷик низ муътақид аст, пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, акнун ин кишвар ба масири муҳими транзитии Тоҷикистон табдил шудааст. Ба ақидаи вай, бо сохти роҳи оҳани нав миёни водии Зарафшон бо вилояти Самарқанд, ба тавони воридоту содироти ин минтақа ҳам афзуда хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар ҷараёни дидори рӯзҳои 10 ва 11 июни соли ҷории Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон 30 тавофуқнома байни ду кишвар имзо шавад, ки шомили сохти роҳи оҳани водии Зарафшон ба вилояти Самарқанд, шурӯи ҳаракати дубораи автобусҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар ва барқӣ кардани роҳи оҳани Бекобод –Конибодом ва Қуқанд (Хӯқанд), аз ҷумлаи ин созишномаҳо бошад.
Тоҷикистон ва Ӯзбакистон эълом кардаанд, ки қасд доранд муомилоти тиҷории дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар дар сол бирасонанд.
Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона ин шохис 333 миллион доллар буд.
Бештар бихонед:
- Тарҳи сохти роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд дар ҳоли баррасӣ
- Узбакистон роҳи оҳани вилояти Суғдро барқӣ мекунад