Тасмими Амрико барои баррасии азсаргирии ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Афғонистон
(last modified Thu, 10 Jun 2021 12:52:07 GMT )
Июн 10, 2021 17:52 Asia/Dushanbe

Рӯзномаи Нию-Йорк таймс аз тасмими давлати Амрико барои азсаргирии ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Афғонистон хабар дод .

  Рӯзномаи Нию-Йорк таймс гузориш дод вазорати дифои Амрико ( Пентагон ) дар ҳоли баррасии судури муҷаввиз барои азсаргирии ҳамалоти ҳавоӣ дар Афғонистон аст .

  Ин дар ҳоле аст, ки вазорати дифои Амрико рӯзи сешанбе дар гузориши ҳафтагии худ эълом кард раванди хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон беш аз 50 дарсад анҷом шуда ва интизор меравад то 11 сентябр ба таври комил сурат гирад .

Хуруҷи шармандабори нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳузури ҳудуди бистсолаи Амрико дар Афғонистон дастоварде ҷуз куштори даҳҳо ҳазор тан аз мардуми мазлӯми ин кишвар, тахриби зерсохтҳову афзоиши тавлиди маводи мухаддир надоштааст .

Амрикову муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо тероризму таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин ишғолгарӣ боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ ва тероризм ҳам афзоиш ёфтааст .

Мақомоти Афғонистон борҳо бар лузуми хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз хоки ин кишвар таъкид кардаанд .

 

    Бештар бихонед :