Июн 14, 2021 15:42 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди сомонаҳои иртибототи якпорча байни артишҳои кишварҳои узви ИДМ

Думаи давлатии Русия дар ояндаи наздик тавофуқномаи эҷоди сомонаҳои иртибототи якпорчаи нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) - ро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши АКИ Пресс, Думаи давлатии Русия дар яке аз ҷаласоти оянда тавофуқномаи эҷоди сомонаҳои иртиботи якпорчаи нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ - ро баррасӣ мекунад.

Ин тавофуқнома 29 майи соли 2020 мелодӣ дар Маскав ва бо ҳадафи афзоиши пойдорӣ ва тамаркуз дар мудирияти нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо шуд.

Ҳадаф аз таҳияи ин санад тазмини идомаи созгории сомонаҳои мавҷуд дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ ва иҷрои дастовардҳои илмиву фанноварӣ дар ҳавзаи иртибототи низомии нерӯҳои низомии ин иттиҳодия эълом шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп