Июн 17, 2021 12:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти шаҳрвандии Қирғизистон: вуруди Артиши Тоҷикистон ба даргириҳои марзии ахир ҷинояти ҷангӣ аст
    Ҷамъияти шаҳрвандии Қирғизистон: вуруди Артиши Тоҷикистон ба даргириҳои марзии ахир ҷинояти ҷангӣ аст

Дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон талошҳои фаъолони ҷомеаи мадании ин кишварро барои муаррифии Тоҷикистон ба додгоҳи байналмилалӣ ба унвони оғозгари даргириҳои марзӣ дар рӯзҳои 28 ва 29 апрел, ки дар натиҷа 36 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 150 шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд, маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи knews . kg .  Дафтари раёсати  ҷумҳурии Қирғизистон  ин иқдомро хилофи равобити дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя унвон кардааст.

Дар баёнияи дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон таъкид шудааст: Ин талоши аз сўи гурӯҳҳоест, ки қасди эҷоди таниш дар равобит бо Тоҷикистонро доранд. Зеро акнун заминаи ҳалли ихтилофоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон аз роҳҳои сиёсӣ фароҳам шудааст ва ба назар мерасад, ки гурӯҳҳое дар дохили Қирғизистон  мухолифи поён додан ба танишҳои марзӣ бо Тоҷикистон аз роҳи музокироти сиёсӣ ҳастанд.

Ин дарҳолест, ки теъдоде аз ҳуқуқдонон ва намояндагони созмонҳои мадании Қирғизистон бо ирсоли шикоят ба Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ муддаӣ шудаанд, ки вуруди артиши Тоҷикистон ба даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ ҷинояти ҷангист.

То лаҳзаи интишори ин хабар мақомоти Тоҷикистон дар ин мавриди вокуниш нишон надодаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп