Табрики Раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Раисӣ
(last modified Tue, 22 Jun 2021 06:14:49 GMT )
Июн 22, 2021 11:14 Asia/Dushanbe
  • Табрики Раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Раисӣ
    Табрики Раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Раисӣ

Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ пирӯзии вайро дар интихобот табрик гуфт ва барои вай орзуи муваффақият кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ашраф  Ғанӣ дар гуфтугӯи телефонии шаби гузашта бо Сайид Иброҳими Раисӣ таъкид кард: Афғонистон ва Эрон  ду кишвари ҳамсоя ва бародар ҳастанд ва изҳори умедворӣ кард бо интихоби ҷаноби олӣ ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон  боиси густариши бештари муносибот ва ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф миёни ду кишвар шавад.

Дар ин гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон низ бар густариши равобит ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард.Сездаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи ҷумъа баргузор шуд ва «Сайид  Иброҳими Раисӣ » бо касби 17 миллиону 926 ҳазору 345 ба унвони сездаҳумин раиси ҷумҳурии Эрон интихоб шуд ва ин мавзӯ  хашми расонаҳои норозӣ ва ғарбиҳоро, ки аз се моҳи пеш  таблиғоти бад анҷом медоданд, барангехт.

Токунун шумори зиёде аз раҳбарони ҷаҳон бо ирсоли паём, пирӯзии Саид Иброҳими Раисиро табрик гуфтанд.

 

Бештар бихонед: