Июн 24, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири кулли Иттиҳодияи байнулмаҷолис бо раиси ҷумҳӯри Узбекистон

Дабири кулли Иттиҳодияи байнулмаҷолис бо раиси ҷумҳӯри Узбекистон дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Мартин Чонгонг- Дабири кулли Иттиҳодияи байнулмаҷолис, ки барои ҳузур дар ҳамоиши байналмилалии “Ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар иҷрои аҳдофи тавсеъаи поӣдорба шаҳри  Тошканд сафар кардааст бо раиси ҷумҳӯри Узбекистон дидор кард.
Дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкории Узбекистон бо ин созмони байналмиллалӣ баррасӣ шуд .
Ҳамчунин раиси ҷумҳӯри Узбекистон бар аҳамияти идомаи гуфтугуи муассиру ҳамкориҳои наздик бо ҳадафи ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва густариши таҳаввулоти демократӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва таъмини баробарии ҷинсиятӣ ва ҳимоят аз ҷавонон таъкид кард .
Дар соли 2017 Узбекистон ҳузури худ дар фаъолияти иттиҳодияро аз сар гирифт ва имрӯз дар сохторҳои иҷроии он ширкат мекунад .
Дар поёни ин дидор дар мавриди омодагиҳо ба баргузории муштараки маросими байналмиллалӣ бо ҳадафи табодули таҷрибаҳо тавофуқ шуд .

 

Барчасп