Июн 24, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
  • Садҳо куштаву захмӣ-дастоварди ҳамлаи Толибон ба Қундуз

Ҳамалоти як ҳафтаи гузаштаи Толибон ба вилояти Қундуз ба куштаву захмӣ шудани 320 ғайринизомӣ мунҷар шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳисонуллоҳ Фазлӣ-масъӯли идораи беҳдошти Қундуз эълом кард : Бар асари ҳамалоти як ҳафтаи гузаштаи Толибон ба манотиқи мухталифи ин вилоят 28 ғайринизомӣ кушта ва 292 ғайринизомӣ захмӣ шуданд, ки ҳоли шуморе аз захмиҳо вахим аст .
Ба гуфта масъӯли идораи беҳдошти Қундуз   бештари қурбониёни ҳамалоти Толибон ба Қундуз  занону кӯдакон ҳастанд .
Ҳисонуллоҳ Фазлӣ бо баёни ин ки илова бар ғайринизомиён, даҳҳо тан аз Толибон ва нерӯҳои давлатӣ низ дар ин даргириҳо кушта ё захмӣ шудаанд афзуд : Оморҳои эъломшуда марбут ба шаҳри Қундуз ва минтақаи Имом Соҳиби ин вилоят аст ва ба далели ҷанг ва қатъи шабакаҳои мухобиротӣ оморе аз талафоту захмиҳо дар сойири манотиқи Қундуз дар даст нест .
Аз авоили ҳафта набардҳои шадид дар манотиқи мухталифи Қундуз миёни Толибон ва нерӯҳои амниятӣ оғоз шуда ва бархе аз манотиқи ин вилоят ба тасарруфи Толибон даромадааст .
Ҷанг дар Афғонистон дар канори талафот аз низомиён ҳамвора ба ғайринизомиён низ осеб расондааст ва ҳамасола ҳазорон ғайринизомӣ дар ин хушунатҳо куштаву захмӣ мешаванд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп