Июн 25, 2021 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Комилов бар таҳкими ҳамкориҳо дар кишварҳои Осиё - Уқёнусия

Вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти ҳамкориҳои байналмилалии кишварҳои Осиё - Уқёнусия хостори густариши ҳамкориҳои мутақобил шуд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар нишасти ҳамкориҳои байналмилалии Осиё - Уқёнусия дар чорчӯби “Як камарбанд, як ҷода” омодагии ин кишварро барои рафъи фаврии паёмадҳои пондемия, бозсозии иқтисодӣ ва дастёбӣ ба тавсеаи баландмуддати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон бо таъкид бар аҳамияти тавсеаи экологӣ дар роҳи “Иқтисоди сабз” гуфт: Бозсозии “Сабз” дар Осиёи Марказӣ бо ҳаллу фасли паёмадҳои манфии хушкии баҳри “Арал” ва беҳбудии шароит ва кайфияти зиндагии мардуми минтақаи баҳри “Арал” муртабит аст.

Дар поёни ин нишасти видеоӣ ширкаткунандагон пойбандии худро барои густариши ҳамкориҳои муассир барои дастёбӣ ба аҳдофи дастури кори Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи тавсеаи пойдор то соли 2030 мелодӣ таъкид карданд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп