Тавлиди ваксинаи русии « Спутник - V » дар Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i69534-Тавлиди_ваксинаи_русии_Спутник_v_дар_Узбекистон
Русияву Узбекистон шеваҳои тавлиди ваксинаи коронаии русии « Спутник - V »ро баррасӣ мекунанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 27, 2021 10:44 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ваксинаи русии « Спутник - V » дар Узбекистон

Русияву Узбекистон шеваҳои тавлиди ваксинаи коронаии русии « Спутник - V »ро баррасӣ мекунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Русияву Узбекистон мавзӯи тавлиди ваксинаи « Спутник - V » алайҳи вируси коронаи дар ширкати « Ҷурабек лабаратория » дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбекистонро баррасӣ мекунанд .
Намояндагони дафтари нахуствазири Русия ин хабарро дар остонаи дувумин нишасти комиссиюни муштараки ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи нахуствазирони Русия ва Узбекистон ба раёсати Михаил Мишустин ва  Абдуллоҳ Орифов-нахуствазирони Русия ва Узбекистон баргузор мешавад, эълом карданд .
Тарафи русӣ эълом кард мавзӯи тавлиди ваксинаи коронаи русии « Спутник - V » дар ширкати « Ҷурабек лабаратория » дар шаҳри Тошканд дар дасти баррасӣ аст.
Аввали апрели соли 2021 байни Русияву Узбекистон дар мавриди содироти 500 ҳазор дозаи ваксинаи русии « Спутник - V » алайҳи вируси корона ба ин кишвар қарордод имзо шудааст.



Бештар бихонед :