Ҳадафҳои сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон
Сафари раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, иқдоме мантиқӣ ва саҳеҳ ва гоме ҳушмандонаву дурандешона аст.
Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон аз 28 то 29 июн ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Вай дар ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор хоҳад кард.
Григорий Михайлов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, мавзӯи аслӣ музокироти марзҳои давлатӣ хоҳад буд.
Вай гуфт: Бидуни тардид Ҷабборов барои ҳалли мушкилоти марзӣ ба Тоҷикистон хоҳад рафт, ки танишҳои он дар авохири апрел ва моҳи майи соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.
Ӯ афзуд: Ҳамкории иқтисодӣ дар бахши энержӣ ва мавзӯи CASA - 1000 ва ҳамлу нақли марзӣ низ дар ин мулоқот баррасӣ хоҳад шуд.
Михайлов афзуд: Бо тавваҷуҳ ба ҳаводиси ахири Афғонистон, аз он ҷо ки Амрико нерӯҳои худро хориҷ мекунад ва Толибон шуруъ ба контроли манотиқи бештар, аз ҷумла бахше аз марзҳои муҷовир бо Тоҷикистон мекунад, дар ин сурат тоҷикҳо алоқаманд ба барқарории равобит бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Қирғизистон ҳастанд.
Ин таҳлилгар гуфт: Аз ин рӯ, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Душанбе мутамоил ба музокира ва шояд дар ин музокирот масъалаи марзҳои мавриди муноқиша ҳаллу фасл шавад.
Ин коршиноси Осиёи Марказӣ таъкид кард: Масаълаи марзҳо бояд солҳо пеш ҳал мешуд.
Михайлов гуфт: Ба маҳзи мушаххас шудани марз, бархе аз даргириҳое, ки борҳову борҳо дар дарраи Фарғона рух додааст, метавонад саранҷом поён ёбад.
Вай дар мавриди мавзеи Русия гуфт: Маскав алоқаманд ба ҳалли фаврӣ ва мусолиматомези ихтилофоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ин мавзуъ бояд бо пуштибонии комили тарафайн ҳал шавад.
Ин коршинос муътақид аст, ки Маскав ба мавзеи бетараф пойбанд аст ва аз ҳеч як аз тарафайн ҳимоят намекунад.