Сориев: Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон баҳри тақвияти раванди суботу амният аст
(last modified Mon, 28 Jun 2021 15:27:22 GMT )
Июн 28, 2021 20:27 Asia/Dushanbe
  • Сориев: Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон баҳри тақвияти раванди суботу амният аст

Марат Сориев, коршиноси қирғиз сафари Садир Ҷабборов ба Тоҷикистонро иқдоме дурандешона хонд.

Ин коршиноси улуми сиёсӣ гуфт: Сафари раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон барои эҷоди субот дар вазъияти минтақа аст.

Вай хотирнишон кард: Акнун вазъияти душворе дар марзҳои ҷанубии кишварҳои пасошӯравӣ бо Афғонистон нигаронкунанда аст.

Ин коршинос муътақид аст: Агар вазъияти ҳарҷу марҷ дар Афғонистон оғоз шавад, ба эҳтимоли зиёд ин вазъият дар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ иҷтинобнопазир хоҳад буд.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон мантиқӣ ва саҳеҳ аст ва як иқдоми ҳушмандонаву дурандешона аст.