Назарбоев тавофуқи ҳамкории роҳбурдӣ бо Тоҷикистонро имзо кард
(last modified 2016-10-31T12:54:51+00:00 )
Октябр 31, 2016 17:54 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев тавофуқи ҳамкории роҳбурдӣ бо Тоҷикистонро имзо кард

Раисиҷумҳури Қазоқистон тавофуқномаи ҳамкории роҳбурдӣ байни ин кишвар ва Тоҷикистонро имзо кард.

  Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон тарҳи қонуни ҳамкориҳои роҳбурдӣ, миёни Остона ва Душанберо ба имзо расонд.

  Дар ин санад, бар беҳбуди механизми ҷаласоти байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар болотарини сутӯҳ ва табодули муназами дидгоҳҳо ва ҳамоҳангии мавозеи ду кишвар, дар хусуси равобити дуҷониба ва масоили байналмилалӣ таъкид шудааст.

  Бар тибқи ин санади роҳбурдӣ, Остона ва Душанбе тааҳҳуд хоҳанд кард, ки аз истифодаи зӯр ё таҳдид дар баробари якдигар худдорӣ ва ба манзури тақвияти сулҳ ва амният дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти мавҷуд, талош кунанд.

  Ин тавофуқнома ҳамчунин густариши ҳамкорҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон дар заминаҳои низомӣ ва фаннӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, дифо, маданӣ ва энергетикиро шомил мешавад.

  Парлумони Қазоқистон чанде қабл, пешнависи тавофуқномаи ҳамкориҳои стратегӣ байни ин кишвар ва Тоҷикистонро, ки 14 сентябр соли 2015 ба имзо расида буд, тасвиб кард.