Октябр 31, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Музоидаи амволи давлатӣ дар Туркманистон

Вазорати иқтисод ва тавсеаи Туркманистон дар иттилоияе эълом кард, ба манзури густариши бахши хусусӣ, таъсисот ва амволи давлатии ин кишвар ба музоида гузошта мешавад.

  Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси эъломи Вазорати иқтисод ва тавсеаи Туркманистон, 45 марказ аз ҷумла як корхонаи саноатӣ, корхонаи лӯласозӣ, маркази хариду фурӯш, корхонаи фарш, воҳиди тавлиди нисоҷӣ ва саноати ғизоӣ дар Ашқобод ва устонҳои панҷгонаи ин кишвар, ба музоида гузошта хоҳад шуд.  Дар ин музоида, илова бар шаҳрвандони Туркманистон, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ аз кишварҳои хориҷӣ низ метавонанд мушорикат кунанд.

  Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки бар тибқи қавонини кишвари Туркманистон дорои дафотир, намояндагии доимӣ бошанд метавонанд дар ин ҳароҷӣ пешниҳодоти худро ироа диҳанд.

  Бар тибқи қавонин ва муқаррароти Туркманистон, ба ҷуз саноати миллӣ ва майдонҳои нафт ва газ, бақияи таъсисот ва амволи давлатӣ метавонад ба бахши хусусии ин кишвар вогузар шавад.