Размоиши нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон ҳамзамон бо ташдиди даргирҳо дар Афғонистон
Давлати Узбекистон ба далели авзои муташанниҷи Афғонистон размоиши омодагии ҷангии нерӯҳои худро эълом кард.
Вазорати дифои Узбекистон эълом кард, давлати ин кишвар ба далели авзои Афғонистон ба таври ногаҳонӣ, омодагии ҷангии нерӯҳои худро эълом кард. Размоиши ғайримунтазираи нерӯҳои мусаллаҳи Узбекистон дар пайи ташаннуҷи авзои низомӣ - сиёсӣ дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон оғоз шудааст.
Бар асоси барномаи давлати Узбекистон, ба раёсати Баҳодур Қурбонов, вазири дифои ин кишвар размоиши ғайримунтазира дар манотиқи низомии Тошканд ва ҷанубу ғарб ва ҳамчунин дар воҳидҳои низомӣ ва нерӯҳои зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои ҳавоӣ баргузор мешавад.
Пештар вазорати хориҷаи Узбекистон эълом кард, ки рӯзи 23 июни соли ҷории милодӣ 53 нафар низомии нерӯҳои марзии Афғонистон ва мардуми мусаллаҳ бо силоҳ вориди қаламрави Узбекистон дар минтақаи Шӯртеппа шуданд. Тошканд пас аз анҷоми бозрасиҳои мавриди ниёз ин шаҳрвандонро ба Афғонистон бозгарданд.
Узбекистон таъкид карда, ки ин кишвар аз ҳар гуна убӯри ғайриқонунӣ ба қаламрави Узбекистон ба таври қотеъона ҷилавгирӣ мекунад ва нисбат ба мутахаллифин шадидтарин иқдомотро анҷом хоҳад дод.
Бештар бихонед :