Июл 05, 2021 09:30 Asia/Dushanbe
  • Пентагон дар пайи ҳузури низомӣ дар Узбакистон ва Тоҷикистон аст
    Пентагон дар пайи ҳузури низомӣ дар Узбакистон ва Тоҷикистон аст

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико ( Пентагон) аз мақсади ин кишвар барои ҳузури низомӣ дар Узбекистон ва Тоҷикистон пас аз итмоми ишғолгарӣ дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, сухангӯи  Вазорати дифои Амрико аз эҳтимоли ҳамкории низомии ин кишвар бо Узбекистон ва Тоҷикистон  пас аз тарки Афғонистон хабар дод.

«Ҷон Кербӣ» сухангӯи  Вазорати дифои Амрико ( Пентогон ) дар ин хусус гуфт: Дар ҳоли баррасии истифода  аз хоки Узбекистону Тоҷикистон ба унвони манотиқи муртабит бо пойгоҳҳои амалиётӣ «фаротар аз уфуқ  дар Афғонистон ҳастем.

Вай дар ин бора илова кард: Бо ҳамоҳангии вазорати хориҷа, дар ҳоли барқарории иртибот бо мақомоти ин кишварҳо ҳастем ва талош мекунем фурсатҳои мумкин дар он кишварҳоро шиносоӣ кунем.

Ҳудуди ду даҳа  пас аз вуруди аввалин нерӯҳои террористи Амрико  ба Багром ва кумак ба назорати ин минтақа  пас аз ҳамалоти иддаои 11 сентябр, ишғолгарии низомиёни амрикоӣ  дар ин майдони ҷанг бидуни сару садо пеш рафт.

Барчасп