Тақвияти равобити иқтисодии Ашқобод ва Санкт-Петербург
(last modified Tue, 06 Jul 2021 11:38:36 GMT )
Июл 06, 2021 16:38 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити иқтисодии Ашқобод ва Санкт-Петербург

Дар мулоқоти раиси Кумитаи равобити хориҷии Санкт-Петербург бо вазири иқтисоди Туркманистон роҳҳои густариши ҳамкорӣ, баррасӣ шуд.

Евгений Григорев, раиси Кумитаи равобити хориҷии Санкт-Петербург ва Муҳамметгелди Сердаров, вазири иқтисоди Туркманистон, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ карданд.

Сердаров дар ин мулоқот хотирнишон кард, ҳамкории тарафайн дар бахши энержӣ аз назари кайфӣ ба сатҳи болое расидааст.

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Санкт- Петербург ҳам гуфт, 39 ширкати иқтисодӣ, санъатӣ ва ҳамлу нақли русӣ дар Туркманистон фаъолият мекунанд.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир 335 тарҳи сармоягузорӣ ба арзиши 3.5 миллиарддоллар дар Туркманистон дар ҳоли иҷро аст.

Ширкаткунандгон дар ин нишаст дар мавриди дастури кори маҷмаи иқтисодии дувум Хазар, ки дар моҳи август дар Маскав баргузор мешавад ҳам табодули назар карданд.

Бештар бихонед: