Афзоиши мушкилоти кишоварзии Қазоқистон
(last modified Sat, 10 Jul 2021 12:18:03 GMT )
Июл 10, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мушкилоти кишоварзии Қазоқистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон бо ишора ба ҳал нашудани мушкилоти кишоварзии кишвар хостори истеъфои вазири кишоварзӣ шуд.

Ба гузориши АКИпресс, Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи давлат гуфт, дар ин шароити душвор мақомоти вазорати кишоварзӣ бояд иқдомоти фаврӣ ва қотеъ анҷом медоданд.

Ӯ афзуд, бо ин ҳол, ин вазоратхона натавонист ба мавқеъ иқдомоти лозимро иҷро кунад бинобар ин фикр мекунам, агар Сапархан Омаров, вазири кишоварзӣ истеъфо кунад кори дурусте хоҳад буд.

Дар вилоятҳои Мангистау ва Қизилирдаи Қазоқисто ба далели хушксолӣ, бисёре аз домҳо талаф шуданд.

Афзоиши қиммати хӯрок дом низ аз дигар мушкилоти бахши кишоварзии Қазоқистон аст.

Бештар бихонед: