Тошканд-мизбони нишасти комиссиюни давлатии Узбекистону Покистон
Шашумин нишасти комиссиюни давлатии Узбекистону Покистон бо мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ,бозаргонӣ ва илмӣ–фаннӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шашумин нишасти комиссиюни байнидавлатии Узбекистону Покистон дар шаҳри Тошканд ба раёсати Сардор Умурзоқов-муовини нахуствазир,вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон ва Абдулраззоқ Довуд-мушовири нахуствазири Покистон дар умӯри бозаргонӣ ва сармоягузорӣ баргузор шуд .
Дар ин нишаст ҳамкориҳои иқтисодӣ,бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, илмӣ – фаннӣ ва фарҳангии байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Тарафҳо дар ин нишаст паҳлуҳои созмонӣ ва фаннии сафари расмии нахуствазири Покистон ба Узбекистонро низ баррасӣ карданд.
Дар ин нишаст тарафҳо ҳамчунин дар мавриди танзими тарҳҳои ҷадиди муштарак дар заминаҳои кишоварзӣ,саноъати сабук ва кимиё,дорӯсозӣ ва дигари ҳавзаҳои авлавиятдор ба тавофуқ расиданд .