Поёни нишасти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек
(last modified Sat, 17 Jul 2021 13:47:30 GMT )
Июл 17, 2021 18:47 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек

Нишасти 5 рӯзаи гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон ба манзури мушахас кардани хутути марзии ду кишвар бо имзои ёддошти тафоҳум ба поён расид.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар баёнияи поёнии ин гуфтугӯ таъкид шудааст, ки даври баъдии музокироти тарафҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар дидоре, ки дар моҳи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор карданд, бар зарурати аз саргирии фаъолияти гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва мушахас кардани манотиқи аломатгузорӣ нашудаи марзи муштарак таъкид карда буданд. Дар ин гуфтугӯҳо ҳамчунин тадвини тарҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон баррасӣ шуд. Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзҳои 28  ва 29 апрели соли ҷорӣ, ки мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд, ки марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷӯди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳали ихтилофоти марзӣ, фақат 520 киллометр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.