Тасмими Қазоқистон барои афзоиши тавлиди нафт
Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд бар асоси тавофуқномаи ОПЕК плюс, мизони тавлиди нафтро афзоиш диҳанд.
Бинобар иттилоияи Вазорати энержии Қазоқистон, рӯзи гузашта нишасти маҷозии вазирони кишварҳои ширкаткунандаи тавофуқномаи ОПЕК плюс баргузор шуд, ки дар он Нурлан Нугаев, вазири энержии ин кишвар низ ҳузур дошт.
Нугаев дар ин нишаст гуфт: Ба далели иқдомоти анҷомшуда бар асоси тавофуқномаи ОПЕК плюс, вазъияти бозори ҷаҳонии нафт тағйироти мусбат кардааст.
Ӯ афзуд: Бинобарин Қазоқистон аз мақомоти кишварҳои тавофуқкунанда мехоҳад мизони тавлиди нафтро афзоиш диҳанд.
Дар поёни ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки то замони лағви маҳдудиятҳои марбут ба тавлиди 5. 8 миллион бушка дар рӯз, кишварҳои ширкаткунанда тавофуқномаи ОПЕК плюс, тавлидро ба таври муштарак то 400 ҳазор бушка дар моҳ афзоиш диҳанд.
Бо ин ҳол, саҳмияи Қазоқистон дар чорчӯби мувофиқатномаи ОПЕК плюс дар моҳи август ба 1. 491 миллион бушка дар рӯз хоҳад расид ва тавлиди моҳона ба таври миёна 16 ҳазор бушка дар рӯз афзоиш хоҳад дошт.
Бештар бихонед:
- Қазоқистон содироти сӯхтро мамнуъ кард
- Вокуниши раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Қазоқистон ба даргирии марзии Душанбе ва Бишкек