Июл 25, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили ройгони 200 донишҷӯи қазоқ дар Маҷористон

200 донишҷӯи қазоқистонӣ дар донишгоҳҳои Маҷористон ройгон таҳсил хоҳанд кард.

Ба гузориши сомонаи Форс, бо имзои тавофуқнома байни мақомоти вазорати омӯзиш ва улуми Қазоқистон ва вазорати манобеи инсонии Маҷористон ба 200 донишҷӯи қазоқистонӣ дар донишгоҳҳои Маҷористон фурсати таҳсили ройгон дода мешавад.

Ба гуфтаи Данияр Мукитанов, қоиммақоми раиси Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати омӯзиш ва улуми Қазоқистон, донишҷӯёнро тарафи маҷористонӣ бар мабнои мизони ангеза ва огоҳии онҳо аз интихоби риштаи таҳсилӣ, дониши назарӣ ва муваффақияти мутақозиён дар робита бо ҳирфаи интихобӣ пас аз мусоҳиба таъйид мекунад.

Дар чорчӯби тавофуқоти байни давлати Қазоқистон бо мақомот теъдоде аз кишварҳо, дар соли ҷадиди таҳсилӣ 330 донишҷӯи қазоқ аз ҳақи таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Маҷористон, Полша, Чин, Украин, Словакия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ветнам бархӯрдор шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп