Июл 26, 2021 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ташкили комиссияи муштараки мудирияти об байни Туркманистон ва Узбекистон
    Ташкили комиссияи муштараки мудирияти об байни Туркманистон ва Узбекистон

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон иблоғияи ташкили комиссияи муштараки давлатӣ байни Ашқобод ва Тошканд дар мавриди мудирияти обро имзо кард. .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ин бахшномаро Қурбонқулибердӣ Муҳаммадов дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ҳадафи тавсеаи бештари ҳамкории байни Туркманистон ва Узбекистон имзо кард.

Дар ҷаласаи ҳукумат, муовини сарвазири Туркманистон оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Эссен Мурод Орузгелдиев лоиҳаи директиваро муаррифӣ карда, аҳамияти таъсиси ин сохтор ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби фаромарзии дарё ва истифодаи самараноки иншооти обии ду кишварро таъкид кард.

Бердимуҳаммадов пас аз шунидани ин гузориш, таъкид кард, ки истифодаи мантиқӣ аз манобеъи об аз сиёсатҳои муҳими мақомоти Туркманистон аст.

Ӯ афзуд: Истифодаи беҳина аз манобеи об иртиботи танготанге бо ҳифзи рифоҳи зистмуҳитӣ ва ҳифозат аз муҳити зист дар Осиёи марказӣ дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп