Интиқоди ҳунармандону сиёсатмадорони афғон аз қатли Хоша ба дасти Толибон
(last modified Wed, 28 Jul 2021 13:33:18 GMT )
Июл 28, 2021 18:33 Asia/Dushanbe

Ҳунармандону сиёсатмадорони афғон аз қатли танзпардози машҳури қандаҳорӣ ба дасти гурӯҳи Толибон интиқод карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, шуморе аз ҳунармандон, сиёсатмадорон ва мардуми Афғонистон дар вокуниш ба қатли фоҷеабори Назармуҳаммади Хоша, ҳунарманду танзпардози афғон, хитоб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба вижа кишварҳои ғарбӣ таъкид карданд: “Муроқиб бошед, Толибонро пок ҷилва надиҳед, моҳияти ин гурӯҳ нисбат ба солҳои гузашта ҳеч тағйире накардааст”.

Файёз Ҳамид, овозхони ҷавони Афғонистон дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: “Мо ҳама Хоша ҳастем! Силие, ки Толибон ба сурати Хоша заданд, дар воқеъ ба сурати ҳамаи мо буд”.

Амруллоҳ Солеҳ, аз ҷомеаи ҳунармандони Афғонистон ва муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар низ гуфт: “Эъдоми ҷинояткоронаи ин ҳунарманд нишон дод, ки Толибон ба шариат, қонун ва ҳеч чиз эътиқоде надорад”.

Насруллоҳ Мақомӣ, аз додситонҳои Афғонистон низ гуфт: “Ҷурми Хоша овардани ханда бар лабҳои ғамгини мардум дар шароити сахти кишвар буд”.

Муҳаммад Сарвар Дониш, муовини дувуми раёсати ҷумҳурӣ низ гуфт: “Қатли фовеабори танзпардози афғон ба дасти Толибон нишондиҳандаи рафтори дудманишонаи Толибон бо аҳли фарҳанг ва ҳунар аст”.

Аноркали Ҳунарёр, узви Маҷлиси Афғонистон ва танҳо намояндаи ақалияти сикҳои ин кишвар низ дар бораи ин ҷиноят гуфт: “Дарди силӣ ба туро мо эҳсос кардем”.

Ин дар ҳоле аст, ки Толибон ҳар гуна иртибот бо қатли Назармуҳаммади Хошаро рад кардааст.

Дар рӯзҳои ахир, дар шабакаҳои иҷтимоии видеоӣ аз дастгирии Назармуҳаммади Хоша пахш шуд, ки дар он нерӯҳои Толибон дар ҳоли латукӯби вай мушоҳида мешаванд.

Чанд рӯз пас аз дастгирии Хоша, нерӯҳои давлатии Афғонистон ҷасади ин танзпардозро бо дастони баста кашф карданд.

 

Бештар бихонед: