Июл 29, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони дифои Шанхай бар лузуми тақвияти таомулоти низомӣ
    Таъкиди вазирони дифои Шанхай бар лузуми тақвияти таомулоти низомӣ

Дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар лузуми тақвияти таомулоти низомӣ ва амниятӣ таъкид шуд.

Дар нишасти вузарои дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри «Душанбе » пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд бар лузуми тақвияти таъомулоти низомӣ ва амниятии кишварҳои узв таъкид шуд.

Дар ин нишаст вузарои дифои Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва мудири комитети иҷрои сохтори минтақавии зидди террористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ҳамчунин вазири дифои Беларус ба унвони кишвари нозир ширкат карданд.

Вузарои дифои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай зимни баррасии мавзӯъоти муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақвӣ аз вуҷуди сатҳи болои тафоҳум  миёни аъзо  ибрози ризоят карданд.

Ҳамчунин дар хусуси заминаҳо ва иқдомоти эҳтимолии марбут ба беасарсозии таҳдидоти ношӣ аз қаламрави Афғонистон  баҳсу табодули назар сурат гирифт.

Ширкаткунандагони ин нишаст бар зарурати тақвияти таъомулоту иқдомоти амалии байни Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва созмонҳои минтақавии ҳамкор таъкид карданд.

Онҳо ҳамчунин дар мавриди баргузории размоиши муштараки террористии «Маъмурияти сулҳи 2021 », ки дар моҳи сентябри соли ҷории милодӣ дар қаламрави Русияи баргузор хоҳад шуд, гуфтугӯ карданд.

Вузарои дифои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар мавриди идомаи таъомулот бо ҳадафи тақвияти амният ва ҳифзи субот дар фазои таҳти масъулияти созмон ва ҳамчунин баргузории нишасти баъдӣ дар соли 2022 дар Узбекистон ба тавофуқ  расиданд.

Дар поёни ин нишаст, вузарои дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тафоҳумнома ва «Эъломияи Душанбе »-ро ба имзои расонда ва барномаи ҳамкориҳо барои ду соли отиро тасвиб карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп