Озодии як фаъоли барҷастаи ҳуқуқи башар дар Узбакистон
Манобеи хабарии Узбакистон аз озодии як мудофеи саршиноси ҳуқуқи башари ин кишвар хабар доданд.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Василий Иноятова, раиси Созмони ғайридавлатии Азгулики Узбакистон эълом кард: Бобомурод Резоков, пеш аз поёни давраи маҳкумияти худ аз зиндон озод шудааст.
Бобомурод Резаков, чеҳраи саршинос ва ҳомии ҳуқуқи башари узбак дар соли 2013 ба ҷурми ончи қочоқи инсон унвон шуд, дастгир ва муҳокима шуд.
Дастгоҳи қазоии Узбакистон вайро то соли 2017 ба таҳаммули ҳабс маҳкум кард.
Гуфта мешавад, ҳоли умумии Резаков вахим ва ба шиддат ба муроқибатҳои дармонӣ ниёзманд аст.
Созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ иттиҳомот алайҳи ин мудофеи ҳуқуқи башари узбакро беасос, сохтагӣ ва сиёсӣ тавсиф карда буданд.
Азгулик танҳо гурӯҳи сабтшуда ва қонунии мудофеи ҳуқуқи башар дар Узбакистон аст.