Қатъи фаъолияти "Бонки Халқ" дар Тоҷикистон 
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i71978-Қатъи_фаъолияти_Бонки_Халқ_дар_Тоҷикистон
Шӯрои мудирони Бонки Миллии Қазоқистон эълом кард, фаъолияти шуъбаи ин ниҳод дар Тоҷикистон мавсум бо "Бонки Халқ" қатъ мешавад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 11, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Қатъи фаъолияти

Шӯрои мудирони Бонки Миллии Қазоқистон эълом кард, фаъолияти шуъбаи ин ниҳод дар Тоҷикистон мавсум бо "Бонки Халқ" қатъ мешавад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, дар бёнияи Шӯрои мудирони Бонки Миллии Қазоқистон таъкид шудааст, ки ин тасмим бар асоси таҷзия ва таҳлили фаъолияти шуъбаи ин бонк дар Тоҷикистон гирифта шуда ва акнун тарҳҳои муассири иқтисодӣ барои фаъолияти бештари “Бонки Халқ” дар Қазоқистон дар ҳоли баррасӣ аст.

Фаъолияти ин шуъбаи бонки қазоқистонӣ дар Тоҷикистон аз соли 2017 бо сармояи аввалияи 35 миллион сомонӣ оғоз шуд.

“Бонки Халқ” –и Қазоқистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шуъба дошт ва дар замони камбуди шадиди арз манобеи молии мавриди ниёзи бахши хусӯсии Тоҷикистонро барои муомилоти тиҷорӣ бо кишварҳои хориҷӣ фароҳам мекард.

100 дарсади саҳҳоми молии ин бонк дар Тоҷикистон мутааллиқ ба Бонки Миллии Қазоқистон буд.