Август 14, 2021 09:39 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Толибон хитоб ба миллати Афғонистон ва ҳамсоягон

Гурӯҳи Толибон дар баёнияе пешравиҳои бузурги ахири ин гурӯҳ дар Афғонистонро нишонае аз вуҷуди маҳбубият дар байни мардуми ин кишвар донист .

Гурӯҳи Толибон рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе дар бораи мавозеъи ин гурӯҳ бо тавваҷуҳ ба авзоъи ҷорӣ дар Афғонистон эълом кард: Пешравиҳои бузургу сареъ аз масири зӯр имконпазир нест ва тасарруфи вилоятҳову манотиқи мухталифи Афғонистон нишонаи маҳбубияту мақбулияти Толибон дар байни мардум аст .
Гурӯҳи Толибон дар ин баёния ба тамоми ҳамсоягони Афғонистон итминон дод,ки ҳеч мушкиле барои онҳо эҷод нахоҳад шуд ва ҳамчунин амнияти дипломатҳо, кормандони консулгариҳову сафоратхонахоҳоро таъмин мекунад  ва фазойи амну қобили эътимод барои онон муҳайё хоҳад шуд .
Толибон дар ин баёния як бори дигар ба тамоми ҳамватанони худ итминон медиҳад, ки мисли ҳамеша аз ҷон, мол ва обрӯи онҳо муҳофизат мекунад ва фазои мутмаинеро барои мардум эҷод хоҳад кард ва касе дар ин маврид нигарон набошад .
Толибон ҳамчунин дар ин баёния аз аъзои ин гурӯҳ хост, то дар мавриди байтулмол диққат кунанд, зеро таъсисоти умумӣ, идороти давлатӣ ва таҷҳизот, паркҳо, хиёбонҳо ва пулҳову дигар масоил амонат ҳастанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп