Пешравии Толибон дар шарқи Афғонистон
Ҳамзамон бо пешравии Толибон дар устонҳои шарқии Афғонистон, муқовимат дар баробари нерӯҳои ин гурӯҳ дар шимоли ин кишвар ва дар ду шаҳри таҳти ҳокимияти давлат, ба шиддат идома дорад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, Толибон имрӯз эълом кард, афроди ин гурӯҳ вориди марокизи устонҳои Пактиё ва Пактико дар шарқи Афғонистон шуданд ва дар ҳоли пешравӣ барои тасарруфи марокизи давлатӣ ҳастанд. Толибон ҳамчунин афзӯда, афроди ин гурӯҳ пас аз вурӯд ба шаҳри Гардиз, маркази устони Пактиё, зиндони ин шаҳрро тасарруф ва зиндониёнро озод кардааст.
Толибон бо ҳамла бар устони Кунари Афғонистон, бахшҳое аз ин устонро низ ба тасарруфи худ даровардааст. Ҳамзамон бо пешравии Толибон дар устонҳои шарқии Афғонистон, масъӯлони маҳаллӣ аз дафъи ҳамалоти ин гурӯҳ ба шаҳрҳои Мазори Шариф ва Маймана, дар шимоли ин кишвар хабар дода ва гуфтаанд, дар даргириҳо дар атрофи шаҳри Маймана, 27 нафар аз Толибон кушта шуданд.
Ҳамчунин, маршал Дӯстам, маршали феълии Афғонистон ва Атомуҳаммад Нур, раиси шохаи Ҳизби ҷамъияти исломии ин кишвар ба ҳамроҳи нерӯҳои худ ба шиддат аз шаҳри Мазори Шари дифо мекунанд ва масъӯлияти фармондеҳии нерӯҳои мардумӣ дар шимоли Афғонистонро Ато Муҳаммад Нур бар ӯҳда дорад.
Муҳаммад Нур ҳам таъкид карда, ки иҷоза намедиҳад Толибон бар шаҳри Мазори Шариф мусаллат шавад. Давлати Афғонистон дар бораи иддаои пешравиҳои Толибон чизе намегуяд, аммо ин гурӯҳ ворид шудани талафот бар нерӯҳояшро дар шаҳри Маймана, рад мекунад. Ҳамзамон бо буҳронӣ шудани вазъияти Афғонистон, сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ низ дар Кобул яке пас аз дигар тахлия мешаванд.
Бештар бихонед:
- Баёнияи Толибон хитоб ба миллати Афғонистону ҳамсоягон
- Таҳдиди амниятии Толибон барои Тоҷикистон
- Толибон маркази радио ва телевизион дар Ҳилмандро тасарруф карданд
- Шиддат гирифтани ҷанг бо Толибон дар Ҳирот+ видео