Ривояти Алҷазира аз вуруди Ашрафғанӣ ба Узбекистон
Шабакаи хабарии Алҷазира ба нақл аз муҳофизи шахсии Муҳаммад Ашрафғанӣ- раиси ҷумҳурии фирории Афғонистон муддаии вуруди вай ба Узбекистон шуд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, яке аз муҳофизони шахсии Ашрафғанӣ, ки ба гуфтаи худаш ба иллати ҷилавгирӣ аз хушунати бештар аз Афғонистон хориҷ шуда аст, гуфт : Ашрафғанӣ, ҳамсараш, раиси дафтараш ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб-мушовири амнияти миллии Афғонистон ба Тошканд ( пойтахти Узбекистон ) рафтанд .
Ин дар ҳоле аст, пештар эълом шуда буд: Муҳаммад Ашрафғанӣ вориди Тоҷикистон шудааст .
Албатта рӯзномаи Азия-Плюси Тоҷикистон ҳам навишта буд: Раиси ҷумҳурии Афғонистон Тоҷикистонро ба мақсади кишвари дигар тарк кардааст .
Ҳамчунин як манбаи огоҳ дар Уммон низ гузориши расонаҳои афғонӣ дар бораи вуруди Ашрафғанӣ ба Уммонро такзиб кард .
Муҳаммад Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурии Афғонистон пас аз фирор аз ин кишвар якшанбешаб дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кард,ки барои ҷилавгирӣ аз тахрибу фоҷеъаи бузурги инсонӣ ва хунрезӣ ин кишварро тарк кардааст.
Гурӯҳи Толибон кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро дар шаҳри Кобул-пойтахти ин кишвар тасарруф ва бар барқарории амнияти ин шаҳру дигари шаҳрҳо таъкид кард .