Баргузории иҷлоси сарони кишварҳои АвруОсиё дар Қирғизистон
(last modified Fri, 20 Aug 2021 12:01:16 GMT )
Август 20, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷлоси сарони кишварҳои АвруОсиё дар Қирғизистон

Иҷлоси сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имрӯз дар минтақаи Чолпон - Атаи Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин нишаст эҷоди як созмони минтақаии АвруОсиё дар дастури кор аст ва ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳимояти бимаи бархоста аз тиҷорати мутақобил ва ҳамгароии иқдомоти ғайритарофаӣ ва ҳамчунин боҷи гумрукии содиротӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар ин нишаст Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо мақомоти кишварҳои ширкаткунанда дар бораи масоили мухталифи ҳамкорӣ ва иқдомот барои таъмиқи бештари идғом дар чорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтугӯ хоҳад кард.

Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбакистон ва Мануэл Морро Круз, нахуствазири Куба (аз тариқи иртиботи видеоӣ) дар ин нишаст ба унвони нозир ширкат хоҳанд кард.

Дар ин нишаст Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, Роман Головченко, нахуствазири Беларус, Аскар Мамин, нахуствазири Қазоқистон, Улуғбек Марипов, нахуствазири Қирғизистон ва Михаил Мясникович, раиси ҳайати мудираи камиссиюни иқтисодии АвруОсиё ширкат хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед: