Август 20, 2021 19:33 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизоти низомии Амрико дар Афғонистон дар ихтиёри Толибон

Садҳо мошини зиреҳӣ ва чиҳил адад ҳавопаймову болгарди амрикоӣ ба дасти Толибон афтодааст.

Ба гузориши “Ово”, беш аз ду ҳазор мошини зиреҳӣ ва ҳудуди 40 ҷанганда, аз ҷумла болгардҳои “Блак Ҳоук, СканИгл” пас аз ба контрол гирифтани вилоёти Афғонистон тавассути Толибон, ба дасти ин гурӯҳ афтодааст.

Як моҳ пеш Вазорати дифои Афғонистон тасовире аз таҳвили 7 болгарди ҷадиди амрикоӣ ба Кобулро мунташир карда буд ва ба назар мерасад, ки ин болгардҳо ба дасти нерӯҳои Толибон афтодааст.

Як мақоми амрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад, ба “Ройтерз” гуфт, тамоми таҷҳизоте ки то кунун аз байн нарафтаанд, дар дасти Толибон аст.

Ба гуфтаи ин мақоми огоҳ, нобудии ин таҷҳизот аз тариқи бомбаборони ҳавоӣ яке аз гузинаҳои Амрико аст, аммо Вашингтон аз таҳрики хашми Толибон дар замони тахлияи низомиён ва атбои амрикоӣ аз Афғонистон, бимнок аст.

Майкл Маккоули, узви кумитаи равобити хориҷии маҷлиси намояндагони Амрико дастёбии Толибон ба ин таҷҳизотро таҳдиди ҷиддӣ барои Амрико ва муттаҳидонаш тавсиф кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп