Август 22, 2021 18:34 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ҷадиди Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон

Мақомоти марзбонии Қирғизистон Тоҷикистонро ба идомаи кори сохтусоз дар наздикии махзани об ва партоби санг ба мошинҳои қирғизӣ дар масири Ботканд ба Ӯш муттаҳам карданд.

Ба гузориши сомонаи “АКи Пресс”, дар баёнияи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон таъкид шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон бо нақзи тавофуқоти қаблӣ, иқдом ба кори сохтусоз дар наздикии махзани об дар марзи ноҳияҳои Ботканд ва Исфара кардааст, ки минтақа ҳанӯз аломатгузорӣ нашуда мебошад.

Дар ин баёния гуфта шудааст, ки сокинони минтақаи Ворухи Тоҷикистон дар масири Ботканд ба Ӯш, ба сӯйи як минибус ва як мошини қирғизҳо санг партоб кардаанд, ки боиси шикаста шудани шишаи ин васоили нақлия шудааст. Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомии вилоятҳои Ботканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон ин ду ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 

Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ, ки муҷиби кушта шудани 55 нафар ва захмӣ шудани наздик ба 300 тан аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд, ки марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемоннад.

 

Бештар бихонед: