Толибон: Ашраф Ғанӣ ва Амруллоҳ Солеҳ мавриди афв қарор гирифтанд
Толибон эълом кард, ки Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии фирории Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали ӯро афв карда ва ин ду метавонанд ба кишвар бозгарданд.
Ба гузориши хабаргузории “Садои афғон” (Ово), Халил Ҳаққонӣ, аз раҳбарони аршади Толибон ба як расонаи покистонӣ гуфта ки онҳо бо Ашраф Ғанӣ ва Амруллоҳ Солеҳ душманӣ надоранд ва ин ду нафар метавонанд ба Афғонистон бозгарданд.
Ин дар ҳоле аст, ки Ашраф Ғанӣ ба Иморот паноҳанда шуда, аммо Амруллоҳ Солеҳ дар вилояти Панҷшер аст.
Якшанбеи ҳафтаи гузашта Ашраф Ғанӣ қабл аз вуруди Толибон ба Кобул, пойтахти Афғонистонро тарк карду баъд аз муддате дар як паёми видеоӣ гуфт, ки маҷбур ба хуруҷ аз кишвар шуда, чун намехоста боиси хунрезии бештар бошад.
Ашраф Ғанӣ афзуд, масъулони амниятӣ ба вай хабар доданд, ки тавтеаи ҷонӣ алайҳи ӯ дар ҷараён аст, пас ё бояд мерафт ва ё мемонд, вале намояндагони байналмилалӣ ба ӯ гуфтанд, агар наравӣ Афғонистон монанди Сурияву Яман хоҳад шуд.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ғанӣ низ чанд рӯз қабл гуфта буд, ки мутобиқи қонуни асосии Афғонистон ӯ дар ҳоли ҳозир сарпарасти раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст.
Бештар бихонед: