Монеаҳои воридоти гази мойеъ аз Туркманистон ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Aug 2021 10:28:01 GMT )
Август 25, 2021 15:28 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои воридоти гази мойеъ аз Туркманистон ба Тоҷикистон

Воридоти гази мойеъ аз Туркманистон ба Тоҷикистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар ҳоле, ки дар сафари охири Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ишқобод, миёни ду кишвар созишномаи воридоти гази мойеъ имзо шуд, акнун наҳва, мизон ва қимати фурӯши ин сӯхт ба Тоҷикистон бастагӣ ба шароити бурси энержии Туркманистон дорад.

Зеро Туркманистон фақат аз тариқи қиматгузории тиҷории газ дар бурси энержӣ метавонад ба Тоҷикистон гази мойеъ содир кунад.

Мушкили дигар набуди махзанҳои захирасозии гази мойеъ дар Тоҷикистон аст, ба ҳамин далел барои пардохти қимати газ дар ҳаҷми зиёд низ манобеи молии кофӣ дар ихтиёри ширкатҳои воридкунандаи сӯхт нест.

Туркманистон дар феҳристи чаҳор кишвари бузурги тавлидкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон қарор дорад.

 

Бештар бихонед: