Август 26, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • Паҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки ҳануз ба контроли Толибон дарнаомадааст
    Паҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки ҳануз ба контроли Толибон дарнаомадааст

Ҳайате аз гурӯҳи Толибон бо Аҳмади Масъуд- фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшери ин кишвар дидору гуфтугӯ кард .

Аъзои ҳайате аз гурӯҳи Толибон вориди Панҷшер шудаанд ва бо Аҳмади Масъуд- писари Аҳмадшоҳи Масъуд-қаҳрамони фақиди миллии Афғонистон бар рӯйи мавзӯъоте баҳсу гуфтугӯ карданд .
Бархе манобеъ аз ҳузури Ҳомид Карзай- раиси ҷумҳури пешини Афғонистон дар ин дидор хабар доданд.
Пас аз онки гурӯҳи Толибон нерӯҳояшро аз чанд сӯ бар дарвозаҳои Панҷшер-дар шимолу шарқи Афғонистон мустақар кардааст, Аҳмади Масъуд-фармондеҳи нирӯҳои зидди Толибон мегуяд, ки Панҷшерро ба Толибон таслим нахоҳад кард .

Вилояти Панҷшери Афғонистон танҳо вилоят дар Афғонистон аст, ки пас аз суқути Кобул ба контроли Толибон дарнаомадааст .
Ҳайате аз Толибон дар ҳоле ба Панҷшер барои гуфтугӯ бо Аҳмади Масъуд рафтааст, ки ин гурӯҳ пештар музокираро танҳо роҳи ҳалли масаълаи Панҷшер дониста буд .
Толибон, ки пас аз тасаллут бар Кобул ҷанг дар Афғонистонро дар саросари ин кишвар хотимаёфта эълом карданд, пас аз эъломи шаклгирии муқовимати зидди ин гурӯҳ дар Панҷшер аз сӯи Аҳмади Масъуд таъкид карданд, ки бояд танҳо аз тариқи гуфтугӯ ин танозӯъ поён ёбад .

Бо тавваҷуҳ ба тағироте, ки дар сиёсатҳо ва иқдомоти Толибон дар давраи ҷадид ва пас аз тасаллут бар Кобул рух додааст, ин гурӯҳ зоҳиран ҳозир нест аз тариқи абзори зӯру ҷанг идораи умӯри Панҷшерро дар ихтиёр бигирад. Бар ҳамин асос ҳайате аз Толибон ба Панҷшер рафтаанд, то дар гуфтугӯ бо Аҳмади Масъуд роҳе барои тавофуқу ҳамворсозии тасаллути ин гурӯҳ бар ин минтақа пайдо кунанд .
Толибони хостори таҳвили силоҳҳои нирӯҳои Аҳмади Масъуд ва вогузории бидуни хушунати умӯри Панҷшер ба ин гурӯҳ аст, аммо қатъан Аҳмади Масъуд низ хостори имтиёзоте дар ин замина аст .
Гурӯҳи Толибон, ки ба тозагӣ се узви худро дар се мансаби вазири дороӣ, мудири ниҳоди иттилоотӣ ва сарпарасти вазорати дохилаи Афғонистон қарор додааст, мегуяд худро барои ташкили давлатии фарогир бо ҳузуру мушорикати ҳамаи гурӯҳҳо ва ақвоми ин кишвар омода мекунад .
Ташкили давлати фарогир, як мутолибаи байналмиллалӣ аз Толибон
Ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи салиқаҳо, гурӯҳҳо ва ақвоми Афғонистон масаълае аст, ки дар ҳоли ҳозир ба як мутолибаи байналмиллалӣ аз Толибон табдил шудааст .
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ва бархе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид низ таъкид доранд, ки Толибон бояд заминае фароҳам кунанд, то дар давлати ояндаи Афғонистон имкони ҳузури ҳамаи ақвому гурӯҳҳо муҳайё бошад.
Албата гурӯҳи Толибон ҳануз мушаххас накардааст, ки чигуна мехоҳад ба ваъда худ барои ташкили давлати фарогир амал кунад . Бо тавваҷуҳ ба онкӣ дар гузашта Толибон ҳар гуна баргузории интихоботро рад карда буд, мушаххас нест ки ин гурӯҳ ташкили давлати фарогирро аз тариқи ирҷоъ ба раъйи мардум пеш мебарад ё бо таъини саҳм барои гурӯҳҳои афғон ин равандро такмил мекунад .
Толибон илова бар онки дар талош барои бистарсозӣ барои давлатсозӣ дар Афғонистон аст, ҳамзамон дар пайи эҷоди фазои эътимод дар арсаи сиёсати хориҷӣ бо ҳадафи барқарории равобит бо кишварҳои мухталиф ба хусус ҳамсоягон аст .
Изҳори назарҳои бархе мақомоти Толибон дар бораи тавваҷуҳи ин гурӯҳ ба ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ва ҳатто ном бурдан аз Чину Туркия ба унвони шуракои роҳбурдии Толибон дар ояндаи Афғонистон, нишон медиҳад ин гурӯҳ барои сиёсати хориҷӣ низ аҳамияти дучандоне қоил аст ва дар талош барои пешбурди сиёсатҳоиҳои худ дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп