Поёни понздаҳумин иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай
(last modified Fri, 04 Nov 2016 15:27:08 GMT )
Ноябр 04, 2016 20:27 Asia/Dushanbe
  • Поёни понздаҳумин иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай

Понздаҳумин иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай бо имзои 10 санади ҳамкорӣ ба кори худ поён дод.

Дар понздаҳумин иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба мизбонии Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, Соронбой Женбеков, нахуствазири ин кишвар ва раиси иҷлос бар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву бонкӣ ва низ афзоиши зарфиятҳои ҳамлу нақли кишварҳои узв таъкид кард.

Нахуствазирони кишварҳои узв ва намояндагони кишварҳои нозир, ҳар як дар суханоне ба ташреҳи имконоту зарфиятҳои кишварҳои худ дар ҷиҳати ҳамкории минтақаӣ дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) пардохтанд.

Иброҳими Раҳимпур, муовини Осиёву уқёнусияи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар суханоне ба ташреҳи вазъияту мавқеияти Эрон дар пасобарҷом ва ба заминаҳои ҳамкории Эрон дар арсаи иқтисодиву ҳамлу нақл пардохт.

Дар поёни иҷлос нахуствазирони СҲШ 10 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

СҲШ муташаккил аз кишварҳои Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон дар соли 2001 дар ростои ҳамкориҳои байникишварии аъзо дар заминаҳои амниятӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ташкил шуда, аз соли 2005 Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони нозир ва пайгири узвият дар ин созмон аст.

Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Беларус ва Муғулистон аз дигар аъзои нозири СҲШ ҳастанд.