Август 29, 2021 10:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори шаҳрдори Маскав ба коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ

Дар пайи вуқуъи чанд даргирӣ миёни коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав-шаҳрдори пойтахти Русия ба ин афрод ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, Сергей Собянин гуфт : 200 коргари муҳоҷир дар паи даргириҳои ахир аз Маскав ихроҷ шудаанд ва полис идомаи рух додани ин ҳаводисро таҳаммул нахоҳад кард .
Вай таъкид кард дар иртибот бо даргириҳои қавмӣ миёни коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Маскав 800 парвандаи ҷиноӣ ташкил ва 200 нафар ихроҷ ва барои 17 ҳазору 500 тан ҳукми мамнӯъияти вуруд ба Русия содир шудааст .
Охирин мавриди даргирӣ дар маркази Маскав шанбе, 28 августи соли ҷорӣ рух дод, ки полис 50 нафар аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард.



Бештар бихонед :

 

Барчасп