Август 29, 2021 20:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Амрико ба як ҳадаф дар Кобул

Манобеи хабарӣ аз зарбаи низомии ИМА ба ҳадафе дар Кобул хабар доданд.

Амрико ба як ҳадаф дар Кобул ҳамлаи ҳавоӣ кард, хабар медиҳад Радиои тоҷикии Садои Хуросон бо истинод ба Reuters.

Бино ба гузоришҳо, ҳамлагар ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифтааст.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки тибқи гузоришҳо, онҳо дар ин ҳамла ҷангҷӯёни эҳтимолии ДИИШ -ро ҳадаф қарор додаанд.

Дар бораи ҷузъиёти бештар маълумот дода нашудааст.

Чанд дақиқа пеш хабар расид, ки ба хонае дар наздикии фурудгоҳи Кобул мушак задааст.

Ал-Ҷазира хабар дод, ки дар ин ҳамла як кӯдак кушта ва се кӯдаки дигар захмӣ шудаанд.

Манбаъҳои расмӣ то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Барчасп