Раҳбари рӯҳонии Толибон вориди Қандаҳор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i72854-Раҳбари_рӯҳонии_Толибон_вориди_Қандаҳор_шуд
Раҳбари рӯҳонии Толибон ба Қандаҳор омад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 29, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари рӯҳонии Толибон вориди Қандаҳор шуд

Раҳбари рӯҳонии Толибон ба Қандаҳор омад.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросон, манобеи мухталиф ин хабарро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ки Ҳибатуллоҳ Охундзода чаҳор рӯз аст, ки дар вилояти Қандаҳор аст ва бо раҳбарони Толибон дар бораи вазъи Афғонистон ва таъсиси низоми оянда машварат мекунад.

Дар бораи макони будубоши раҳбари Толибон иттилоъи дақиқ нест, аммо бархе мегӯянд, ки ӯ дар Покистон ба сар мебарад.

Охундзода раҳбари рӯҳонии Толибон аст.

Вай сеюмин шахсе аст, ки пас аз Мулло Ахтар Мансур ва Мулло Муҳаммад Умар раҳбарии рӯҳонии Толибонро ба ӯҳда гирифтааст.

Маълумоти бештар: