Август 31, 2021 13:37 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ҳеҷ шаҳрванди Афғонистон набояд кишварро тарк кунад

Сухангӯи Толибон гуфт, ҳеҷ як аз атбои Афғонистон набояд кишварро тарк кунад, чун ҳеҷ кадом аз онҳо бо мушкиле рӯ ба рӯ нестанд.

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар гуфтугӯ бо телевизиони «Эн Эйч Ки»-и Ҷопон бо ибрози итминон аз осеб нарасидан ба ҳеҷ фарде афзуд: Мо чеҳраҳои ҷадидеро ба мардуми Афғонистон нишон хоҳем дод, ки онҳо ба оянда хушбин бошанд.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин бо интиқод аз рафтори Амрико таъкид кард, ки ин кишвар ҳақ надорад дар қаламрави Афғонистон ҳамалоти низомӣ анҷом диҳад.

Пеш аз ин низ Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо «Евро Нюс» зимни «бисёр дилхарош» тавсиф кардани ҳамлаи хунини ахир ба фурудгоҳи Кобул, неруҳои амрикоиро муқассири аслии рухдоди он муаррифӣ карда буд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп