Нишасти сеҷонибаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Австрия бо меҳварияти Афғонистон
Густариши кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар нишасти намояндагони Туркманистон, Тоҷикистон ва Австрия мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», дар ин нишасти онлайнӣ, ки Карл Неҳаммер, вазири дохилии Австрия созмондеҳӣ кард, дар мавриди вазъияти кунунии Афғонистон, ба вижа раванди рӯйдодҳои сиёсӣ дар ин кишвар ва таъсири онҳо бар суботу амнияти минтақа ва ҳамчунин вазъияти паноҳандагону муҳоҷирон табодули назар шуд.
Вафо Хоҷаев, муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон дар ин нишаст гуфт: Мо хоҳони ҳаллу фасли зудҳангоми авзоъ дар Афғонистон бо мушорикати ҳамаи нерӯҳои масъули ин кишвар ва ҳамчунин мушорикати фаъоли дигар тарафҳо ҳастем.
Тарафайн дар ин нишасти сеҷониба тавофуқ карданд, ки гуфтугӯи фаъолро бо ҳадафи бардоштан гомҳои мушаххас барои осонсозии бозсозии иҷтимоӣ - иқтисодии Афғонистон идома диҳанд.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Нигоҳе ба нишасти чаҳорҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон
- Нишасти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон