Август 31, 2021 21:55 Asia/Dushanbe
  • Муноқишаи муҳоҷирон дар Маскав

Пулиси Маскав дар пайи як задухӯрди гурӯҳӣ алайҳи муттаҳамон ба додгоҳ шикоят бурд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз хабаргузории ТАСС омадааст, 49 шаҳрванди кишварҳои гуногун, ки дар ин муноқишаи гурӯҳӣ даст доштанд, боздошт шудаанд.

15 нафари онҳо барои рафтори ношоиста ҷарима шуданд.

Мувофиқи (моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия) алайҳи ин гурӯҳи одамон барои издиҳом ва ҷиноятҳои дастаҷамъӣ парванда боз шуд.

Ин моддаи Кодекси ҷиноии Русия барои ҷинояткорон то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тибқи тафтишоти полис, дар ин задухӯрд дастикам 20 шаҳрванди Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.

Аммо ба гуфтаи сафорати Қирғизистон дар Русия, 19 шаҳрванди Қирғизистон барои ширкат дар низоъ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

 Дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон низ ҳастанд.

 

Барчасп