Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди истиқлоли Қирғизистонро табрик гуфт
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i72964-Раиси_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_солгарди_истиқлоли_Қирғизистонро_табрик_гуфт
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасии сиюмин солгарди истиқлоли Қирғизистонро ба раиси ҷумҳурии ин кишвар табрик гуфт.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 01, 2021 08:55 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди истиқлоли Қирғизистонро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасии сиюмин солгарди истиқлоли Қирғизистонро ба раиси ҷумҳурии ин кишвар табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар тамоси телефонӣ бо Садир Ҷабборов, ҳамтои қирғизистонии хеш, бо табрики фарорасии сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар, барои ӯ ва мардуми Қирғизистон орзӯи муваффақият кард.

Тарафҳо дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи зарурати густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, ҳалли масоили марзӣ ва авзои Афғонистон табодули назар карданд.