Размоиши неруҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистон
(last modified Mon, 06 Sep 2021 08:48:43 GMT )
Сентябр 06, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Размоиши неруҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистон

Неруҳои вокуниши зудамали Созмони паймони амнияти ҷамъӣ размоиши муштарак дар Қирғизистон баргузор мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати дифои Қирғизистони имрӯз душанбе эълом кард,ки ин размоиш аз 7 то 9 сентябри ҷорӣ баргузор мешавад .
Дар ин размоиш неруҳои низомӣ ва гуруҳҳои амалиётии Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва ситоди муштараки Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Воҳидҳои низомии Қазоқистон низ вориди қаламрави Қирғизистон шуданд, то дар тамриноти тактикии муштараки неруҳои вокуниши сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ бо назорати Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат кунанд.
Аҳдофи аслии ин размоиш беҳбуди маҳоратҳои амалии дастгоҳҳои фармондиҳӣ ва контроли неруҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва ҳамчунин афзоиши инсиҷоми воҳидҳо дар анҷоми вазоиф дар як амалиёти муштарак аст .
Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд. Ҳамакнун Узбекистони узви ин созмон нест.
Яке аз аҳдофи умдаи ин созмони маҳдуд кардани заминаи густаришу нуфӯзи Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ ( НАТО ) ва Амрико дар минтақа аст .



Бештар бихонед :