Сентябр 07, 2021 15:23 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар размоиши СПАД дар Қирғизистон ширкат намекунад

Муовини вазири дифои Қирғизистон эълом кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар размоиши муштараки низомии нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон ширкат намекунанд.

Ба гузориши сомонаи АКИ Пресс, ин матлабро Нурлан Карашаев дар нишасти Кумитаи маҷлиси намояндагон дар умури дифоъ ва амният баён кард.

Ҳарчанд, ки далели ширкат накардани неруҳои зудамали Тоҷикистон дар ин размоиш мушаххас нест, коршиносон ихтилофоти марзии ду кишварро омили худдории Душанбе аз эъзоми нерӯ ба кишвари ҳамсоя медонанд.

Муовини вазири дифои Қирғизистон таъкид кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш дар размоиши баъдии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи вай, размоиши муштараки низомии нерӯҳои зудамали СПАД дар Қирғизистон аз 7 сентябри соли ҷорӣ оғоз ва то рӯзи 9 сентябр идома меёбад.

Аҳдофи аслии ин размоиш беҳбуди маҳоратҳои амалии дастгоҳҳои фармондеҳӣ ва контроли неруҳои СПАД ва ҳамчунин афзоиши инсиҷоми воҳидҳо дар анҷоми вазоиф дар як амалиёти муштарак аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп