Сентябр 07, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Даргирии Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер

Даргирии Ҷабҳаи муқовимат ва гурӯҳи Толибон дар вилояти Панҷшер ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши ИСНА, бархе манобеъ аз ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ношинос қарор гирифтани мавозее дар Панҷшер хабар медиҳанд. .

Бар асоси ин гузориш, аз рӯзи душанбе набардҳо дар Панҷшер афзоиш ёфта ва даргириҳо дар шаҳристони Андроби вилояти Бағлон низ дар ҷараён аст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ба далели вазъияти муташанниҷ дар дараи Панҷшер ва гулӯлаборони мудовим аз сӯи Толибон, аксарияти сокинони маҳаллӣ хонаҳои худро тарк карда ва ба баландиҳо рафтаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дирӯз гуфта буд, Панҷшер ба таври комил тавассути Толибон контрол шудаву ҷанг дар хоки Афғонистон ба поён расидааст.

Бо ин ҳол Алӣ Майсами Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ки муқовимат дар ҳоли рӯйи даст гирифтани тактикаҳои ҷанги чирикӣ аст.

Аҳмади Масъуд ҳам ба навбати худ эълом кард, ки муқовимат дар баробари Толибон идома дорад ва аз ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон хост, ки ба қиёми миллӣ бипайванданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп